Таҳририяти Хабарҳо шуморо бо фарорасии Рамазон муборак бод мегӯяд!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳу!
Портали иттилоотӣ - таҳлилӣ “Хабарҳо“ сокинони Тоҷикистон ва мусулмонони тамоми ҷаҳонро бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният мекунад.
Рамазон ин моҳи ибодат аст. Моҳи ба ҷо овардани амалҳои шоиста дар роҳи Парвардигори оламиён. Моҳи ислоҳи қалбҳо ва амалҳо аст. Бинобар ин ҳар яки мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин ки ин моҳро тибқи фармудаҳои Ислом ҳаёти худро бо он мувофиқ гардонем. Ҳарчанд дар ин роҳ ба душвориҳо рӯбарӯ шавем ҳам:
شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Моҳи Рамазон, ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил Қуръон нозил шудааст, пас ҳар ка