ФАВРӢ❗Тоҷикистон сарбозонашро аз хоки Хоҷаи Аъло берун мекашад

Тоҷикистон охирин неруҳояшро аз нуқтаҳои марзие, ки даргириҳо сурат гирифт берун мекашад. Хабарнигори “Азия-Плюс“ аз деҳаи Хоҷаи Аъло ин аксҳоро фиристодааст, ки тибқи ду протоколи имзошудаи ахир миёни ҳайатҳои ҳукуматии ду ҷониб, Тоҷикистон охирин неруҳояшро аз Хоҷаи Аъло ба берун мекашад. Ба гуфтаи хабарнигори “Азия-Плюс“ ҳоло вазъ дар Хоҷаи Аъло ором аст, ҷонибҳо ба ҳисобу китоб ва барқарор кардани давраи баъди даргириҳо машғуланд. Бояд гуфт, ки даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел бар сари истифода аз як маркази тақисми об зад, ки ду тараф сари он даъво доранд ва аз они худ мешуморанд. Тоҷикон хостанд, дар ин ҷо дурбини назоратӣ насб кунанд, вале қирғизҳо монеъ шуданд ин аз як баҳси сокинон ва ба даргириҳои мусаллаҳона кашид. Ҳоло тибқи тавофуқоти ҳоислшуда ду тараф неруҳои худро аз маҳалли даргириҳое, ки сурат гирифта буд, ба берун мекашанд. Манбаъ:Азия
Back to Top