РАМАЗОН ҚОДИРОВ РЕЙДИ ОМОН ДАР МАСҶИДРО “БЕАДАБӢ” ВА “ҲАМЛАИ РОҲЗАНОНА” НОМИД

Рейдҳои афзояндаи ОМОН ба масҷидҳои мусалмонон дар атрофи Маскав ба мавҷи вокунишҳои шадидан манфӣ дар байни мусалмонон рӯбарӯ шудааст. Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки нирӯҳои ОМОН бо кафшҳои чиркини худ болои қолинҳо баромада, намозгузоронро таҳқиру латтукӯб мекунанд. Он ҳам танҳо барои он ки намозгузорон аз афроди ОМОН хостанд, аввал кафшҳои худро бикашанд ва баъд ба масҷид дароянд. Яке аз афсарони ОМОН бо лаҳни таҳқиромез хитоб ба намозгузорон гуфт, “онҷое ки шумо поятонро мешӯед, барои шустани дасту рӯ пешбинӣ шудааст, на барои шустушӯи по”. Дар пайи рейди ахири ОМОН ба масҷиди шаҳри Дзержинский, роҳбари ҷумҳурии Чеченистони Русия Рамазон Қодиров бо як лаҳни тунд рафтори пулисро ба боди интиқод кашид ва “беадабӣ”, “ҳамлаи раҳзанона” ва “иғво дар ақибгоҳ” номид. Раҳбарии ҷумҳурии низ мусулмоннишини Доғистони Русия Сергей Меликов изҳори умед кард, ки ба рафтори кормандони ниҳодҳои қудратӣ баҳои лозим дода хоҳад шуд. Муфтиёт, ё идораи мусулмонони вилояти Маскав гуфт, рӯзи 15 июл, алакай як рӯз баъди ҳамлаи ОМОН ба масҷиди Дзержинский ба Додситонии кулли Русия шикоят бурда, хостори аз лиҳози таҳқири эътиқодии дини мусалмонон таҳқиқ кардани рафтори ОМОН шудааст. Росгвардия чунин вокуниши тунд ва дахолати роҳбарони ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Русияро интизор надошт ва ба сурати фаврӣ тавассути вакили “худӣ”-ашон дар Думаи давлатӣ Александр Хинштейн эълон карданд, ки гӯё рейди ахир дар масҷиди шаҳри Дзержинский кори ОМОН набуд. Аммо аксар инро ҳамчун кӯшиши Росгвардия ва ОМОН барои фирор аз ҷавобгарӣ мешуморанд. “Агар ин силоҳбадастон бо навиштаи ОМОН дар пушти ҳар кадомаш аз ОМОН набуданд, пас ин маски-шоуи иғвобарангезро дар канори пойтахти Русия кӣ ташкил кард? Наход инҳо диверсантҳо аз Украина буданд, ки либоси ОМОНро пӯшида, ин корро карданд?” – бо киноя менависанд дар шарҳҳои худ мусалмонони бахашмомадаи сокини Русия.
Back to Top