Кишти “нони дуюм“ дар Тоҷикистон идома дорад

Дар навоҳии кӯҳии Тоҷикистон кишти картошка идома дорад. Одатан, картошка соле як маротиба - моҳи май ё июн шинонда мешавад. Аммо дар баъзе минтақаҳо корҳои саҳроӣ моҳи феврал оғоз меёбанд. Ин ҳама ба шароити обу ҳаво вобаста аст Соли 2023 дар Тоҷикистон ҳосили хуб – беш аз 1 млн тонна картошка ба даст омад Мувофиқи омор дар ҷумҳурӣ ба ҳар сокин соле 92 кг картошка рост меояд. Картошкаро миёни мардум нони дуюм меноманд Чӣ гуна онро мешинонанд - дар наворҳои мо тамошо кунед.
Back to Top