Нархи чӯб дар Суғд гарон шуд.

Ҳоло як куб тахта дар бозорҳои Суғд 3,8 - 4 ҳазор сомонӣ, муодили 32 – 34 ҳазор рубли русӣ арзиш дорад. Дар муқоиса ба як соли пеш қимати чӯб то 5 – 6 % дар бозорҳо боло рафтааст. Сабаби боло рафтани нархи чӯбу тахтаро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз харидорону тоҷикрони бозори фурӯши ин навъ масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пурсид ва посухашонро аз видео бинед.
Back to Top