Қоидаҳои нави экзамени ПАТЕНТ, РВП, ВНЖ. Акнун мухочирон дар куҷо ва чихел имтихон месупоранд?

⚠️ Агар дар шаҳр донишгоҳи зарурӣ набошад, марказҳои тестии донишгоҳҳо ҳамеша дар маркази ваколатдори муҳоҷират амал карда, дар он ҷо патент ҳам медиҳанд. ⚠️ Имтиҳонҳо аз забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ пулакианд. Масалан, дар Маркази муҳоҷирати Маскав (МБМ Сахарово) аз ҳама арзонтар аст - 1350 рубл, дар Донишкадаи забоншиносии Маскав бошад - 10200 рубл. Нархи миёнаи он 4000 рублро ташкил медиҳад. ⚠️ Шумо чанд боре, ки хоҳед, метавонед имтиҳон супоред. Дар ҳамин ҳол, ҳар дафъа маблағи онро супоридан лозим меояд. ⚠️ Сертификати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ барои гирифтани патенти корӣ лозим аст. Онро шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба Русия ба расмият дарорад. ⚠️ Шумо танҳо баъди 90 шабонарӯз дубора ба Русия рафта метавонед. “Хориҷ шудану ворид шудан” кардан лозим нест, зеро ин вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират шуморида мешавад. Барои ин вуруд ба Русия ба муҳлати 5 сол манъ мешавад. Манбаъ: Азия Рӯйхатти донишгоҳҳо: Маълумоти бештар:
Back to Top