ҲАДИСИ 7 - ДИН НАСИҲАТ АСТ | ЧИЛ ҲАДИСИ АН-НАВАВӢ
ҲАДИСИ ҲАФТУМ ДИН НАСИҲАТ АСТ
الحــديث السابع
« الدين النصيحة »
7 — عَنْ أَبِي رُقَيَّةَ تَمِيْم الدَّارِي رَضِيَ اللهُ عَنْهُ أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ :
الدِّيْنُ النَّصِيْحَةُ . قُلْنَا لِمَنْ ؟ قَالَ : لِلَّهِ وَلِكِتَابِهِ وَلِرَسُوْلِهِ وَلأَئِمَّةِ الْمُسْلِمِيْنَ وَعَامَّتِهِمْ . [رواه مسلم (55)]
Аз Абу Руқайя Тамим ибни Авс ад-Дарӣ, رضي الله عنه, ривоят аст, ки набий ﷺ, гуфт: «Дин(-и ислом) насиҳат аст». Гуфтем: “(Насиҳат) барои кист?“ Гуфт: «(Насиҳат) барои Аллоҳ, барои Қуръон, барои расулаш ва барои пешвоёни мусулмонон ва барои оммаи онҳо».
[Мақсад аз насиҳат садоқату хайрхоҳист. Мусулмони асил дар муносибат ба Аллоҳ, ба китоби Ў, расули Ў, ба сарварони мусулмонон, умуман нисбат ба ҳамаи мусулмонон садоқату хайрхоҳӣ зоҳир менамояд, зеро чунин садоқат яке аз асосҳои муҳимтарини дини ислом аст].
Ин (ҳадис)-ро Муслим 55 ривоят кардааст.