12 январи соли 1943 рахнакунии муосираи Ленинград ооз гардид.

Амалиёти “Шарора“ таҳти сарварии Жуков, аввалин зарбаи мукаммали ҳамоҳангшуда аз дохил ва беруни ҳалқаи муҳосира буд. Шаҳрро ду фронт, — Ленинград ва Волхов муҳофизат мекарданд. Кӯтоҳтарин масофа байни мавқеъҳо канори Шлисселбург-Синявинский дар минтақаи деҳаи Мга буд, ки аз 12 то 18 км ташкил медод. Дар назди фармондеҳӣ вазифа гузошта шуд, ки дар ҷануби кӯли Ладога “тангно“-и немисҳоро барҳам диҳанд. 18 январи соли 1943 ҳалқаи муҳосираи Ленинград рахна шуд, аммо танҳо баъди як сол, 27 январи соли 1944 шаҳр комилан озод карда шуд.
Back to Top