1000 дона китобро ба Тоҷикистон мебаранд
Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иттилоъ медиҳад, ки бо мусоидати Клуби дугонаҳои шаҳри Москва 1000 адад китобҳои бадеӣ ва илмию таълимӣ бо забони русӣ гирдоварӣ карда шуда, бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз китобхонаҳои вилоятӣ ирсол карда мешаванд.
Иқдоми мазкур барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, омӯзиши илмҳои муосир, огоҳӣ аз масъалаҳои илмиву амалии муҳаққиқон Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.