ҲАДИСИ 13 АЗ (ҶУМЛАИ) КАМОЛИ ИМОН | ЧИЛ ҲАДИСИ АН-НАВАВӢ

ҲАДИСИ СЕНЗДАҲУМ АЗ (ҶУМЛАИ) КАМОЛИ ИМОН الحديث الثالث عشر « لا يؤمن أحدكم حتى يحب لأخيه ما يحب لنفسه » 13 — عَنْ أَبِي حَمْزَةَ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رضي الله عنه خَادِمِ رَسُولِ اللَّهِ صلى الله عـليه وسلم عَنْ النَّبِيِّ صلى الله عـليه وسلم قَالَ: «لَا يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى يُحِبَّ لِأَخِيهِ مَا يُحِبُّ لِنَفْسِهِ». رَوَاهُ الْبُخَارِيُّ [رقم:١٣]، وَمُسْلِمٌ [رقم:٤٥]. Аз Абу Ҳамза Анас ибн Малик, رضي الله عنه, ки хизматгори Расули Аллоҳ ﷺ, буд, ривоят аст, ки паёмбар, ﷺ, гуфт: «Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дўст медорад, барои бародар (-и мусулмонаш) низ дўст на-дорад, ҳанўз имон на-овардааст». [Барои бародари худ низ ҳар чизи дўст доштаниро раво хостани мусулмон чунин маъно дорад, ки чаҳд намояд, то ба ў некие кунад; ва агар некие карда натаво-над, бигузор ўро аз бадӣ ҳимоя намояд ё зараре ба ў нарасонад]. Ал-Бухорӣ 13 ва Муслим 45 ин ҳадисро ривоят кардаанд.
Back to Top