Тухфасупори дар Турсунзода
Навид Тухфасупори дар Турсунзода
Гузориш
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бахшида ба 30-солгии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ба собиқадорони меҳнат, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва соҳибкорону фаъолони ҷамъиятӣ мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо супориданд.
Дар ибтидо раиси шаҳр доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки шаҳри Турсунзода низ дар ин давра ҳамчун шаҳри дӯстиву бародарӣ ва саноативу кишоварзӣ тараққӣ намуда, ба дастовардҳои назар