ҲАДИСИ 9 - АНДАР НАҲЙИ БИСЁР СУОЛ КАРДАН ВА САХТГИРӢ КАРДАН | ЧИЛ ҲАДИС АН-НАВАВИ

ҲАДИСИ НЎҲУМ АНДАР НАҲЙИ БИСЁР СУОЛ КАРДАН ВА САХТГИРӢ КАРДАН الحــديث التـاسع « ما نهيتكم عنه فاجتنبوه » 9 — عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ عَبْدِ الرَّحْمَنِ بْنِ صَخْر رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قَالَ : سَمِعْتُ رَسُوْلَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُوْلُ : مَا نَهَيْتُكُمْ عَنْهُ فَاجْتَنِبُوْهُ، وَمَا أَمَرْتُكُمْ بِهِ فَأْتُوا مِنْهُ مَا اسْتَطَعْتُمْ، فَإِنَّمَا أَهْلَكَ الَّذِيْنَ مَنْ قَبْلَكُمْ كَثْرَةُ مَسَائِلِهِمْ وَاخْتِلاَفُهُمْ عَلَى أَنْبِيَائِهِمْ . [رواه البخاري ٧٢٨٨ ومسلم ١٣١٧] Аз Абу Ҳурайра Абдурраҳмон ибн Сахр رضي الله عنه, ривоят аст, ки гуфт: аз Расули Аллоҳ ﷺ, шунидам, ки мегуфт: «Он чи шуморо аз он наҳй кардаам, пас аз он дурӣ биҷўед ва он чи шуморо бар он амр кардаам, пас аз он ҳар қадар, ки тавонистед, иҷро бикунед. Ба дурустӣ, он умматонеро, ки пеш аз шумо буданд, саволҳои бисёрашон ва ихтилофашон бар паёмбарон ҳалок кардааст». Ин (ҳадис)-ро ал-Бухорӣ 7288 ва Муслим 1317 ривоят кардаанд.
Back to Top