Чаро Тоҷикистон узви ЕАЭС (Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё) намешавад?

Бори чандум аст, ки ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, фоидаву зиёни узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ё EAЭС-ро меомӯзад. Бори охир ин паём ҳафтае пеш дар нишастҳои хабарии мақомоти Тоҷикистон садо дод. Аз соли 2014, ташкил шудани ин созмон, то ҳоло бо даъвату ташвиқҳои Русия кишварҳое ба монанди Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон узви он шуданд, аммо Тоҷикистон “феълан нақшаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро надорад“. Чаро?
Back to Top