25 декабри соли 1991 Михаил Горбачёв маоми сарвари Иттиоди Шравиро тарк кард
Қабл аз ин, ӯ ба халқ муроҷиат карда, истеъфои худро ба “далоили усулӣ“ рабт дод.
Горбачёв хондани матнро тамом карда, ба пиёлаи чойи рӯи миз нигарист. Он холӣ буд.
Ӯ айнакашро гирифта, аз сари миз бархост. Ин дақиқаҳои охирини ӯ дар утоқи кории Кремл буданд.
Пас аз даҳ дақиқа маршал Шапошников аз Горбачёв ҷомадонча бо рамзҳои назорати яроқи ҳастаиро қабул кард.
Дар давоми як рӯз Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт.