подробности в описание
ДАР ХАБАРОВСКИ РУСИЯ ПАДАРУ МОДАРИ ТОҶИКРО МАҶБУР КАРДАНД, КИ БАРОИ ФАРЗАНДОНИ ХУРДСОЛАШОН УЗР БИПУРСАНД
“Маъракаи зидди муҳоҷирон дар Русия, тавре ба назар мерафт, торафт вусъати бештар мегирад. Дар шаҳри Хабаровск дар минтақаи Шарқи дури Русия як оилаи муҳоҷирони тоҷикро дар пайи муноқишаи дар назари аввал ночизи фарзандони хурдсолашон бо духтари ҳамсоя маҷбур кардаанд, ки барои рафтори кӯдакони худ узр бипурсанд.
Ин хоҳару додари “гунаҳкор”, ки гӯё рюкзак, ё борхалтаи духтари ҳамсояро даронда бошанд, яке 8-сола ва дуюмӣ ҳамагӣ 10-сола аст. Дар видеои кӯтоҳи 40-сониягӣ, ки “Многонатсионал”, як канали миллатгароёни рус рӯзи 18 ноябри соли 2023 нашр кард, ҳамаи аъзои ин оила: роҳбари хонадон Изатулло Саидов, ҳамсараш ва ҳарду фарзанди хурдсоли онҳо бо сари хам ва дастҳо пеши бар дар рӯбарӯи камера қатор карда шудаанд ва як марде, ки чеҳрааш намудор нест, амрашон медиҳад, ки “Сар кардем!” (“Поехали!”).“ - хабар медиҳад Шаҳлои Гулхоҷа коркуни Радиои Озодӣ