азоро нафар аз сокинони Тоикистон ба урбониёни амлаи террорист дар Крокус изори амдард баён карданд

Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев @Sputnik_Tajikistan хабар дод. “Бисёре аз онҳо барои изҳори ҳамдардӣ шахсан ба назди сафорат дар Душанбе ва бинои консулгарии генералӣ дар шаҳри Хуҷанд омаданд. Дар назди биноҳо ҷойи ёдгорӣ аз гулу бозича ташкил ёфт. Мардум гул, бозичаҳо гузоштанд, шамъ афрӯхтанд ва номаву сабтҳо гузоштанд“, - гуфт ӯ. Ин аз муносибатҳои таърихии бародарона, ки байни халқҳои Русия ва Тоҷикистон вучуд доранд, шаҳодат медиҳад, таъкид намуд Григорев.
Back to Top