ЧАҲОР ФОИДАИ ДУ’А !

ЧАҲОР ФОИДАИ ДУ’А ! АЛЛОҲ ﷻ МЕФАРМОЯД: «Парвардигоратон фармуд: «Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд» [40:60] ШЕЙХ ‘АБДУР-РАЗЗАҚ АЛ-БАДР: «Ин оят, далолат мекунад ба фазилати дуо аз чаҳор иборат: Ҷиҳати аввал — ин, ки Аллоҳ ‘азза ва ҷалла амр карда аст ба ин, [Аллоҳ гӯфт]: Парвардигоратон фармуд: маро бихонед! Ҷиҳати дувум — ин, ки Аллоҳ субҳанаҳу ва та’ала, ваъда дода аст дар ин оят ба иҷобат кардан, [Аллоҳ гӯфт]: иҷобат кунам! Пас иҷобат мазмун аст, зеро ин ваъдаи Парвардигори оламиён аст ва Аллоҳ мухолифат намекунад ваъдаашро. Фазилати севум — ин, ки Аллоҳ ‘азза ва ҷалла гӯфт: “касоне, ки аз ибодати ман саркашӣ мекунанд” пас дуоро чи ном гузошт? “Ибодат” — ва барои ҳамин аст, омадааст дар суннат, ин ки набӣ ﷺ фармӯд: дуо ин ибодат аст. — сипас тиловат кард ин оятро. Ҷиҳати чаҳорум — ин, ки ин оят далолат мекунад, ки тарккунандаи дуо, такаббур аст!» 🎙️«ФАВАИД АЛ-БАДР»
Back to Top